Варзиш Нуқтаи назар

БО МАҚСАДИ ДАСТГИРИИ ҶАВОНОНИ ФАЪОЛУ ЛАЁҚАТМАНД

print

Ҳамасола бо мақсади дастгирии ҷавонони фаъолу лаёқатманд аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода озмун оид ба муайян намудани барандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Турсунзода гузаронида мешавад.

Моҳи июни соли 2017 чунин озмун бо иштироки зиёда аз 400 нафар хонандагони аълохон ва фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода доир гардид, ки дар натиҷа 9 нафар ба стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 нафар ба стипендияи раиси шаҳри Турсунзода сазовор гаштанд.

Аз соли 2005 инҷониб, бо таъсис ёфтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои кишвар Маҳфили стипендиант ташкил дода шуд.

Дар шаҳри Турсунзода низ бо мақсади фаъолгардонии барандагони стипендияҳои Президентӣ ва раиси шаҳр, ҷалб намудани онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва мустаҳкам гардонидани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, таъмини иштирок дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар таҳияву амалисозии барномаҳои таълимию тарбиявӣ, инчунин ҷалб ва тайёр намудани  онҳо ба худташаккулдиҳӣ аз соли 2010-ум инҷониб Маҳфили стипендиантҳо фаъолият менамояд.

Санаи 26 январи соли 2018 дар Китобхонаи марказӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Маҳфили стипендиатҳои шаҳри Турсунзода бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон семинар-омӯзиш байни аъзои Маҳфил гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ раиси Маҳфили стипендиантҳои шаҳри Турсунзода Умед Ҳалимов, мутахассиси бахш, котиби масъули Маҳфили стипендиантҳо ва кор бо волонтёрон Шокиров Саидхон ва раиси Шӯрои духтарони назди бахш Зайнаб Ҳусейнова иштирок ва суханронӣ карданд.

Раиси Шӯрои духтарони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода Зайнаб Ҳусейнова дар мавзӯи “Маданияти гуфтор, рафтор ва либоспӯшӣ дар байни ҷавонон” ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода Умед Ҳалимов дар мавзӯи “Татбиқ ва амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳри Турсунзода” маълумотҳои ҷолиб доданд.

Аъзоёни маҳфил ба музокира баромада, ҷонибдории худро аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат иброз дошта, падидаҳои номатлуби имрӯзаро бо тамоми нигарониҳояш маҳкум намуданд.

Ҷаҳонгир ҚУРБОНОВ,

мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиш.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *