Нуқтаи назар Таҷлил

ҶАШНИ САДА – ҶАШНИ НУР

print

Аз рӯйи маълумотҳои таърихшиносони асрҳои миёна – Табарӣ, Балъамӣ, Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Абурайҳони Берунӣ ва адибони шинохта А. Фирдавсӣ, Манучеҳри Донғонӣ, Унсурии Балхӣ, Фаррухи Сиистонӣ, Собири Тирмизӣ бармеоянд, ки иди Сада аз замони шоҳигариҳои Ҳушанг, Каюмарс, Исфандиёр, Фаридун ва Ҷамшед ба мо мерос мондааст.

Назар ба тадқиқотҳои мутафаккирони қаблӣ, маънои калимаи “Сада” ба забони форсӣ аз шумораи сад ва суфикси – а иборат аст. Яъне калимаи «Сада» он замон пайдо шудааст, ки дар сарзамини Хуросон (ҳозира Эрону Афғонистон) оташ пайдо мегардад. Он рӯзе, ки оташ пайдо шуд, то ҷашни иди Наврӯз 50 рӯз боқӣ монда буд.

Доир ба пайдоиш ва ҷашни иди Сада дар байни таърихшиносон ва адибони ҷаҳони қаблӣ ақидаҳои гуногун мавҷуданд.

Назар ба ривоятҳои “Авесто” ва “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ Ҳушанг шоҳи мубориз бар зидди душманони бадкирдору аҷнабӣ, нахус- тин шоҳи муҳофизи кишвари худ ва додраси мардумон будааст. Шоҳ Ҳушанг ба мардум унсурҳои фарҳангиро меомӯзонад. Соҳаи кишоварзиро ривоҷ дода, ҷӯйю каналҳо меканад ва ба заминҳои ташналаб об мебарорад. Чорводориро ташкил карда, ба парвариши ҳайвонот ва парандагони хонагӣ имконият пайдо мекунад ва ҳайвонҳои калонро ром карда, барои киштукор истифода мебарад. Ба офаридани либосу пойафзол ҳайвонҳои самур, рӯбоҳ, санҷоб, қоқум, гӯсфанду бузро истифода мебарад. Ҳатто шогирдону донишмандони шоҳ Ҳушанг аз санг зарраҳои оҳану мисро ҷудо карда, ба мардум касби оҳангарӣ ва мисгариро меомӯзонанд…

Рӯзе шоҳ Ҳушанг бо навкару вазирон барои шикор ба кӯҳсор мебарояд. Дар бозгашт мори калонеро дида, ба сӯяш санг меандозад. Санг ба санги кӯҳ бармехӯрад ва шарора пайдо мешавад.

Ҳамин тавр шоҳ Ҳушанг ихтироъкори муъҷиза – оташ мегардад. Чунки то ин давра оташро аз пайдоиши раъду барқ мегирифтанд ва бо мушкилоти зиёд онро нигоҳ медоштанд…  Ҷашни Сада хусусан дар давраи аҳди Сомониён ҳусни тоза гирифт. Ҷашнгирии Сада на танҳо як рӯз, балки як ҳафта давом мекард. Шоҳону дарборон дар атрофи оташ ҷамъ омада, бо иштироки шоирону эҷодкорон базм меоростанд ва дар васфи иди Сада чакомаҳо месуруданд. Ба камбағалону барҷомондагон эҳсон мекарданд ва аёдати беморону мазлумонро ба ҷо меоварданд.

Баъди салтанати сулолаи Сомониён ҷашнгирии иди Сада тадриҷан аз байн рафт. Вале баъзе унсурҳои Сада то ба замони мо омада расидааст. Аз он ҷумла гулхан афрӯхта дар атрофи он базм ташкил кардан, дар тӯйи хатна оташ афрохта базм оростан, дар бегоҳи чоршанбе гулхан афрӯхта дар атрофи он давр задани домоду арӯс ва ҳоказо.

Баъди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Президенти кишвар ҷашну анъанаҳои миллӣ эҳё гардиданд. Аз ҷумла ҷашнгирии иди Сада бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми январ муқаррар гардид. 

Хуллас, ҷашни иди Сада ин ҷашни нур аст. Ҷашни Сада бартарии равшанӣ бар торикӣ, сафедӣ бар сиёҳӣ, гармӣ бар сардӣ, ақли солим бар зишт аст.

Ҳаитой МИНГБОЕВА,

мутахассиси кабинети методии

шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *