Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Кишоварзӣ Саноат Сиёсат Таҷлил Фарҳанг

АМРИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Бо

аз 24 январи соли 2018,

№12 тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ

озмуни шаҳрии «Беҳтарин қитъаи гулкорӣ» дар ҳудуди шаҳри Турсунзода»

  1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Низомномаи мазкур тартиб ва шартҳои гузаронидани озмунро дар қитъаҳои вобасташудаи замини гулкорӣ дар шоҳроҳ, ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди шаҳри Турсунзода муайян менамояд.

1.2. Озмун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба кабудизоркунию ободонӣ ва дар доираи супориши протоколии машварати кории назди раиси шаҳри Турсунзода гузаронида мешавад.

  1. Ҳадаф ва мақсади озмун:

– вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ;

– баланд бардоштани завқи эстетикӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон;

– зебову ҷолиб гардонидани симои шаҳри Турсунзода;

– ҷалби бештари шаҳрвандон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ;

  1. Тартиби баргузории озмун

3.1. Дар озмун бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеият иштирок менамоянд.

3.2. Озмун дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқу имкониятҳо, ташаббускорӣ ва шаффоф баргузор мегардад.

3.3. Ҷиҳати муташаккилона ва шаффоф гузаронидани озмун аз ҳисоби роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳои дахлдор, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбӣ  Комиссия таъсис гардида, тасдиқ карда мешавад.

3.4. Озмун тибқи нишондиҳандаҳое, ки Низомномаи мазкур муайян намудааст, бо дарназардошти таҳлили натиҷаҳо ва ҳолати воқеии онҳо сурат мегирад.

3.5. Комиссия ҳангоми зарурат метавонад ба шартҳои гузаронидани озмун дар ҷаласаҳои худ тағйирот ворид намояд. Қарорҳои Комиссия бо овоздиҳии аксарияти иштирокчиёни он қабул мегардад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози раиси Комиссия ҳалкунанда мебошад. Протоколи ҷаласаи ҷамъбастии Комиссия аз тарафи раиси Комиссия ва котиби он ба имзо расонида мешавад.

3.6. Муҳлати ҷамъбасти натиҷаҳои озмун аз ҷониби Комиссия то 20 марти соли 2018 муайян гардидааст.

  1. Шарт ва нишондиҳандаҳои озмун

4.1. Бо мақсади интихоб намудани ғолибони озмун нишондиҳандаҳои зерин истифода мегарданд:

– сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ;

– интихоби навъи гулҳо бо муҳлатҳои гуногуни шукуфоӣ, гуногунрангии биологии гулҳо, ороиши қитъаи гулкорӣ (дизайн), ҳолати нашъ- унамо ва рушди гулҳо;

– таъмин бо оби полезӣ (мелиоративӣ);

– истифодаи нуриҳои минералӣ  ва истифодаи самараноки замин;

– ҷалби сокинон ва кормандон ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии ҳудуд;

– мавҷудияти шахсони мутасаддӣ ва ҷадвали иҷрои корҳо дар қитъаҳои вобастасташуда оид ба гузаронидани корҳои нармкунӣ ва обёрӣ.

  1. Ҳавасмандгардонии ғолибон

5.1 Ғолибони озмун дар самтҳои зерин ҳа- васманд гардонида мешаванд:

«Беҳтарин қитъаи гулкорӣ дар шоҳроҳ»;

«Беҳтарин қитъаи гулкорӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳот»;

«Беҳтарин қитъаи гулкорӣ дар ҳудуди шаҳр».

5.2. Ғолибони озмун  бо Сипосномаи раиси шаҳр ва мукофоти пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ карда мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *