Хабарҳо

ДАСТОВАРДИ ТОЗА

print

Хушхабари варзишӣ.

Дастпарварони мактаби варзишии назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода Ҳоҷиқурбон 

Маҳмадов ва Умед Сафаров санаҳои 17-20 ноябри соли равон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба Карате-до дар Ҷумҳурии Чехия иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур намояндагони 25 давлати дунё ширкат доштанд.

Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд

 Ҷумҳурии Тоҷикистонро чор нафар варзишгар намояндагӣ кард. Ҳоҷиқурбон ва Умед дар намудҳои Карате-до ВКФ ва Карате-до Шобуипон бо ҳарифони худ қувва озмуда, ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Варзишгарони тоҷик аз ин мусобиқа 7 медали тилло оварданд, ки  4 адади он натиҷаи заҳматҳои варзишгарони турсунзодагӣ ва устодашон Баҳром Юсуфов мебошад. Ҳоҷиқурбон Маҳмадов ва Умед Сафаров аз муваффақияташон рӯҳбаланд буда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва махсусан раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин баҳри дастгириашон ҷиҳати иштирок дар ин мусобиқа миннатдорӣ изҳор менамоянд. Варзишгарони ҷавон ният доранд, ки дар соли 2018 боз дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ дар кишварҳои Хорватия ва Япония иштирок карда, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.

Файзалӣ ХОЛОВ, рӯзноманигор

One Reply to “ДАСТОВАРДИ ТОЗА

  1. Ғалабaи Ҳоҷиқурбон Маҳмадов ва Умед Сафаров дар Чехия ифтихори ҳар фарди шаҳри Турсунзода ва Тоҷикистони азиз аст. Офарин Маҳмадҷон ва Умедҷон! Ташаккури зиёд ба устоди варзиши шумо Баҳром Юсуфов.
    Бачаҳо, офарин ба пеш ба фатҳи қуллаҳои нави варзишӣ.
    Парчами миллатро баланд бардоред!

Добавить комментарий для Ғолиб Отменить ответ

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *