Хабарҳо

Равзанаи андеша

print

Танзим – ҳимоятгари манфиатҳои иҷтимоии мардум 

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон”  10 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддати на он қадар тӯлонӣ Қонуни мазкур зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт. Ва як неруи қавие гардид  дар пешгирӣ намудани хароҷоти беҳуда зимни ҷашну маъракаҳо, хурофоту таассуб. Он тағйироту иловаҳое, ки ба Қонун  бо назардошти андешаҳои олии арзишманд ворид шудаанд, моҳияти ин ҳуҷҷати муҳиму  танзимсозро боз  рӯшантару мукаммалтар намуданд. Яъне, 28августи соли 2017, таҳти №1461 ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар   ҶумҳурииТоҷикистон” бо тағйиру иловаҳо ба тавсиб расид.

  Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Ҷиҳати амалӣ намудани қонун комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣфаъолият доранд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 5.1 Қонуни мазкур  дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.

   Дар Литсейи касбии металлургии мо низ комиссияи  ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҳайати 7 нафар  таъсис дода шудааст. Раиси он сарвари литсей С.Шарипов мебошад. Комиссия тибқи нақшаи  чорабиниҳо фаъолият мекунад. Инчунин доир ба омӯзиши  ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон  “Оид ба ворид намудани тайғиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии  ТоҷикистонДар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар   ҶумҳурииТоҷикистон” бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон  ва устоҳои истеҳсолии литсей семинар гузаронида шуд. Ҳамчунин  дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ доир ба моҳияти ин қонун мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд, мо ба онҳо мақсад ва аҳамияти Қонуни мазкурро фаҳмонда, моддаҳои онро муфассал шарҳ медиҳем. Аз ҷониби комиссия дафтари қайдҳо оид ба тӯю маъракаҳои кормандони литсей ташкил карда шудааст. Аъзои комиссияи ҷамъиятӣ танзими тӯю  маъракаҳоро  ҷиддӣ назорат мекунад.

  Бояд гуфт, ки тайғиру иловаҳои  ба  Қонун воридшуда барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудаанд. Яъне он бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони мамлакат равона гардидааст.

Комиссияи ҷамъиятии литсейи металлургии мо ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар   ҶумҳурииТоҷикистон” қатъӣ риоя намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Шодӣ МАВЛОНОВ,

котиби комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими

анъана ва ҷашну маросим дар Литсейи металлургии

шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *