Хабарҳо

Мақсад – Пешгирии амалҳои корупсионӣ

print

        Санаи 24 октябри соли равон дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам маҷлиси навбатии Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар  шаҳри Турсунзода доир гардид.

        П. Акрамзода вобаста ба раванди татбиқи нақшаи кори Комиссияи ҷамъиятии шаҳрӣ, ки дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расидааст, ибрози назар намуда, таъкид кард, ки новобаста аз баргузории силсилаи вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ мутаассифона масъулине ба назар мерасанд, ки даст ба қонуншиканӣ зада, хилофи талаботи қонун амал менамоянд.

        – Аз ин лиҳоззарурат ва муҳимияти проблемаҳои коррупсия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди он масъалаи афзалиятнок ва ҳалталаби рӯз маҳсуб ёфта, аъзои комиссияро мебояд ҷиҳати татбиқи нақша, ки аз 15 банд иборат аст, корҳои фаҳмондадиҳиро идома бахшида, дар татбиқи Стратегияи мазкур саҳми муносиби худро гузоранд, илова намуд – П. Акрамзода.

        Баъдан ҷиҳати амалигардонии ҳуҷҷатнигории аснод аз ҷониби аъзои комиссия, ҳамзамон  дар самти паст намудани сатҳи коррупсия ва дигар масоил вобаста ба талаботи Стратегияи муқовимат бо коррупсия коргузори дастгоҳи раиси шаҳр Б. Тешаев  суханронӣ намуд. 

        Ҳамзамон аз ҷониби раиси комиссия зикр гардид, ки моро зарур аст, бо муборизаи дастаҷамъона амалҳои коррупсионииро пешгирӣ намуда, бо даъват намудани аҳолӣ ба пешгирии ҳар гуна омилҳои номатлуб тадбирҳои назаррас андешем ва доир ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, тамаъҷӯӣ, порагирӣ, сохтакорӣ дар ҳуҷҷатҳо, ҳуҷҷатнигории ғайриқонунии замин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.

        Баъдан, аз аъзои комиссия қатъӣ талаб гардид, ки корро дар татбиқи бандҳои нақша ҷоннок намуда, ҷиҳати амалӣ намудани «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бо масъулияти баланд корбарӣ намоянд.

Котиби матбуоти раиси шаҳр.

 

                                         

 

 

 САҲ 4

 

Равзанаи андеша

Танзим – ҳимоятгари манфиатҳои иҷтимоии мардум 

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон”  10 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддати на он қадар тӯлонӣ Қонуни мазкур зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт. Ва як неруи қавие гардид  дар пешгирӣ намудани хароҷоти беҳуда зимни ҷашну маъракаҳо, хурофоту таассуб. Он тағйироту иловаҳое, ки ба Қонун  бо назардошти андешаҳои олии арзишманд ворид шудаанд, моҳияти ин ҳуҷҷати муҳиму  танзимсозро боз  рӯшантару мукаммалтар намуданд. Яъне , 28августи соли 2017, таҳти №1461 ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар   ҶумҳурииТоҷикистон” бо тағйиру иловаҳо ба тавсиб расид.

  Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Ҷиҳати амалӣ намудани қонун комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣфаъолият доранд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 5.1 Қонуни мазкур  дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.

   Дар Литсейи касбии металлургии мо низ комиссияи  ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҳайати 7 нафар  таъсис дода шудааст. Раиси он сарвари литсей С.Шарипов мебошад. Комиссия тибқи нақшаи  чорабиниҳо фаъолият мекунад. Инчунин доир ба омӯзиши  ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон  “Оид ба ворид намудани тайғиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии  ТоҷикистонДар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар   ҶумҳурииТоҷикистон” бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон  ва устоҳои истеҳсолии литсей семинар гузаронида шуд. Ҳамчунин  дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ доир ба моҳияти ин қонун мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд, мо ба онҳо мақсад ва аҳамияти Қонуни мазкурро фаҳмонда, моддаҳои онро муфассал шарҳ медиҳем. Аз ҷониби комиссия дафтари қайдҳо оид ба тӯю маъракаҳои кормандони литсей ташкил карда шудааст. Аъзои комиссияи ҷамъиятӣ танзими тӯю  маъракаҳоро  ҷиддӣ назорат мекунад.

  Бояд гуфт, ки тайғиру иловаҳои  ба  Қонун воридшуда барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудаанд. Яъне он бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони мамлакат равона гардидааст.

Комиссияи ҷамъиятии литсейи металлургии мо ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар   ҶумҳурииТоҷикистон” қатъӣ риоя намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Шодӣ МАВЛОНОВ,

котиби комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими

анъана ва ҷашну маросим дар Литсейи металлургии

шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *