Хабарҳо

Ёди он рӯз

print

Соли 1993: сафари нахустини Сарвари давлат ба шаҳри Турсунзода

Сафари нахустини  ба шаҳри Турсунзода намудаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дар хотир дорам.  Яке аз рӯзҳои соли 1993, айёми даргириҳои сиёсӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Ба ин муносибат дар Хонаи фарҳанг ва техникаи Заводи алюминийи Тоҷикистон вохӯрии Сарвари давлат бо фаъолони шаҳр баргузор шуд. Сарвари давлат аввало ба он модароне, ки дар тан либоси азодорӣ доштанду дар ҷанги шаҳрвандӣ фарзандонашонро  аз даст дода буданд  ва ин ҷо ҳузур доштанд, арзи тасаллият намуданд. Гуфтанд, ки давлат ба мусибатзадагон кӯмак мерасонад.

     Раиси Шӯрои Олӣ баъдан ба сухан баромада, оид ба вазъи сиёсии мамлакат, ки муташанниҷ буд, мардумро огаҳ сохта, даъват ба амал оварданд, ки бо дасту дили гарм рӯзгорашонро обод созанду дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меҳнати фидокорона намоянд. Ва он чизе, ки барои мардуми кишвар мисли обу ҳаво зарур буд ва сулҳу осоиштагӣ ном дошт, мавриди гуфтугӯи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Бо як ҳиссиёти баланд ва эътимоди қавӣ гуфтанд, ки рӯзҳои оташбас наздик асту сулҳу салоҳ фарогири кишвари аз ҷанг азияткашидаамон мешавад. Қувваи некӣ ба аҳриманӣ ғолиб меояд. Қавл медиҳам, ки гурезагон иҷбориву  фирориёнро, ки бештарашон дар Афғонистон умр ба сар мебаранд, ба ватан бармегардонам. Албатта ба хонаҳои худ. Бо неруҳои оппозитсионӣ муросо намуда, оштии миллиро барқарор месозем. Ватани аҷдодии хеш, Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро аз қадами хасми нопок, душманони миллат пок менамоем. Инчунин таъкид карданд, ки бо ҳам дӯст бошему бародар, то ки вазъро ором намоем.

    Ман, ки дар ин мулоқот иштирок доштам, бо фараҳ ба симои зебову паҳлавонпайкари ӯ менигаристам ва ба худ меандешидам, ки воқеан марди подшоҳзебанду бемуболиға мансаби олиро хуб уҳда менамоянд, бо талошу корнамоиҳои хеш ба ҷанг хотима мебахшанд, сулҳро дар сарзамини тоҷикон барқарор месозанд, барои шукуфоиву рушди Ватан арзанда хизмат мекунанд…

   Аз он рӯз 24 сол сипарӣ шуд. Сарвари давлат ба қавлашон вафо карданд. Бо такя ба фарзандони фарзонаи миллат оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карданд, гурезагони иҷбориро ба ватан баргардонданд, ваҳдати миллиро барқарор сохтанд. Ва имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро кишварҳои ҷангзадаи олам меомӯзанд.

  Инак, Тоҷикистон осоиштаву обод, дилҳои мардумонаш шод. Ва ҳар як тоҷикистонӣ  фахр мекунад бо Ватани худ, бо Пешвои худ!  Бо ин кишвари биҳиштосо, бо Пешвои муаззами хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукрона мекунанд, шукронаи беинтиҳо!

А.ИКРОМӢ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *